- гавҳар
- [گوهر]1. ба ақидаи қадимиён дуррест, ки гӯё аз қатраи борони дар даҳони садаф афтода тадриҷан ба вуҷуд меомадааст, марворид, умуман санги қиматбаҳо, гуҳар, ҷавҳар2. фалс. асл, зот, асли ҳар чиз, ҷавҳар3. маҷ. фарзанд: гавҳари шоҳ; гавҳари ғалтон дурри ғелон, дурри мудаввар; гавҳари қимат(баҳо) а) дурри ноёб; б) киноя аз чизи ниҳоят пурарзиш; гавҳари ноёб а) дурри нодир; б) киноя аз чизи ниҳоят пурқимат, ки ба осонӣ ба даст намедарояд (аз қабили хирад, маҳбуба, ашъори тару тоза); гавҳари пок // гавҳари рахшон // гавҳари тобон дурри рахшанда; гавҳари чашм (дида) а) гавҳараки чашм, мардумак; б) киноя аз чизи пурқимат ва азиз; в) маҷ. фарзанд; гавҳари шабчароғ а) гавҳари афсонавиест, ки гӯё дар торикӣ равшанӣ медиҳад; б) маҷ. чизи ниҳоят қиматбаҳо; гавҳари якдона (якто) гавҳари беҳамто, дурри беназир; дур(р)у гавҳар а) ҷавоҳирот; б) маҷ. чизи қиматбаҳо; гавҳар афшондан а) дурр пошидан; б) маҷ. ашк рехтан◊ гавҳари ашк донаи ашк, қатраи оби дида; гавҳари мақсуд ёфтан // гавҳари у(м)мед ба даст омадан ба мақсад расидан; ба орзу ноил гаштан; гавҳар суфтан сухани фасеҳ гуфтан
Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. Под редакцией Сайфиддина Назарзода. 2008.